Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин: Парвандаи Улюкаев ба "хусусигардонӣ" таъсир надорад


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи вазири собиқи рушди иқтисод Сергей Улюкаев ба барномаи хусусигардонӣ ҳеҷ таъсир надорад. Улюкаев ба гирифтани 2 миллион доллар дар заминаи созиши харидории "Башнефт" аз тарафи "Ростнефт" муттаҳам мешавад. "Мақомот мубориза бо фасодкориро идома медиҳанд. Дар назди қонун ҳама, сарфи назар аз ишғоли мақом, баробар ҷавоб мегӯянд", - гуфт Путин дар нишасти матбуотӣ дар Лима, макони баргузории нишасти Созмони Иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором.

Сергей Улюкаев рӯзи 14 ноябр дар дафтари ширкати "Ростнефт" боздошт шуд. Тафтишот мегӯяд, ин мақомдор барои арзёбии мусбати созиши харидории "Башнефт" ду миллион доллар талаб кардааст. Рӯзи 15 ноябр додгоҳи Басманний Улюкаевро барои ду моҳ ба ҳабси хонагӣ маҳкум кард ва раиси ҷумҳур Владимир Путин бинобар адами эътимод ба вазир ӯро аз мақом сабукдӯш намуд.

Улюкаев иттиҳоми ришваситониро рад мекунад. Вакили ӯ мегӯяд, ки бар зидди зерҳимояаш тавтеа дуруст карданд.

XS
SM
MD
LG