Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Меркел мегӯяд, барои курсияш бори чорум мубориза мебарад


Ангела Меркел расман эълон кардааст, ки бори чаҳорум низ номзадияшро ба мақоми садри аъзами Олмон пешбарӣ хоҳад кард. Ин изҳороти садри аъзами Олмон 20 ноябр зимни як нишасти хабарӣ дар Берлин сурат гирифтааст. Меркел интихоботи ояндаи бундестагро вазнинтарин баъди муттаҳидшавии Олмон хондааст.

Вай изҳори боварӣ кардааст, ки ин тасмимаш дуруст буда, майли дар ин масир рафтан ҳамроҳи кишварашро низ дорад. Интихоботи порлумонӣ, ки бар пояи натоиҷи он садри аъзами Олмон маълум хоҳад шуд, қарор аст охирҳои тобистон ё ба эҳтимоли зиёд тирамоҳи соли 2017 баргузор шавад. Меркел аз соли 2005 ба ин сӯ курсии садри аъзами кишварашро дар ихтиёр дорад.

XS
SM
MD
LG