Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Остона ҳавои сард боиси камбуди бензин шуд


Ҳокими шаҳри Остонаи Қазоқистон Асет Исекешев мегӯяд, ҳукумати пойтахти Қазоқистон талош дорад, ки бензини навъи АИ-92-ро ба пуррагӣ таъмин намояд. Се рӯзи охир ба далели боридани барфи зиёд ва сардии ҳаво дар Остона? бензини навъи АИ-92 камёфт ва гарон шудааст. "Дар ҳоли ҳозир таъмини ин навъи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бештар шудааст", - навиштааст дар саҳифаи Фейсбукаш ҳокими шаҳр. Вай ҳамчунин зикр кардааст, ки арзиши бензинро мақомот ба мисли пешин нигоҳ медоранд.

XS
SM
MD
LG