Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айбномаи дугонаи президент эълон шуд


Пак Кин Ҳе
Пак Кин Ҳе

Додситонии Куриёи Ҷанубӣ рӯзи 20 ноябр алайҳи Чхве Сун Сил, яке аз дугонаҳои раиси ҷумҳури ин кишвар Пак Кин Ҳе, ки барои дахолат дар кори давлатӣ муттаҳам мешавад, айбномаи расмӣ эълон кард. Тафтишот мегӯяд, ин дугонаи раиси ҷумҳур иттиҳодияҳои Куриёи Ҷанубиро барои харҷи миллионҳо доллар барои Бунёд ё фондҳои таҳти идораи ӯ маҷбур кардааст. Ҳарчанд Пак Кин Ҳе ба далели дахлнопазирӣ шомили ин парванда намешавад, вале додситонии Куриёи Ҷанубӣ гуфтааст, ӯро барои ҳамдастӣ дар моҷарои фасоди молӣ муттаҳам медонанд. Масъулияти Пак Кин Ҳе дар мақоми президенти Куриёи Ҷанубӣ баъди беш аз ду соли дигар хотима хоҳад ёфт. Аз моҳи ноябри имсол дар ин кишвар эътирозҳои густурда бо талаби истеъфои ӯ баргузор мешавад. Чанде аз мушовирони собиқи Пак Кин Ҳе ба ҷурми сӯистифода аз мақом маҳкум шудаанд. Худи ӯ низ расман узрхоҳӣ кардааст, вале мақомашро тарк карданӣ нест.

XS
SM
MD
LG