Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътироз ба қонуне, ки ба таҷовузгарон "сабукӣ" медиҳад


Ҳазорон зану мард дар Истанбул ба тарҳи қонуне эътироз карданд, ки, ба гуфтаи онҳо, таҷовуз ба номуси духтарони ноболиғро иҷоза медиҳад. Ин тазоҳурот рӯзи 19 ноябр баргузор шудааст. Бар асоси тарҳи қонуни нав, ки вакилони порлумони Туркия дар марҳилаи аввали баррасӣ маъқул донистанд, мардони муттаҳам дар сурати издивоҷ бо қурбонии таҷовуз аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд буд. Ба гузориши хабаргузории Фаронса, эътирозгарон бо шиори “Мо сокит намемонем” ва “Таҷовуз наметавонад қонунӣ шавад”, хостори лағви тарҳи қонун шуданд.

Давлати Туркия исрор дорад, ки тарҳи нав барои мубориза бо издивоҷ бо духтарони ноболиғ аст. Аммо мунтақидон мегӯянд, ин қонун, баръакс, таҷовузи ноболиғону издивоҷ бо онҳоро расман иҷоза медиҳад. Ин лоиҳа барои тасвиби ниҳоӣ бояд рӯзи 22 ноябр дубора дар порлумони Туркия ба баҳс гузошта шавад.

ЮНИСЕФ, Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, нигаронии амиқи худро аз ин лоиҳа баён кардааст. Синни издивоҷи қонунӣ дар Туркия аз 18-солагӣ муқаррар шудааст.

XS
SM
MD
LG