Пайвандҳои дастрасӣ

“Мулло Бузург”, фармондеҳи аршади гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”, дар пайи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар шарқи Афғонистон кушта шудааст. Атоуллоҳ Хӯгиёнӣ, сухангӯи волии Нангарҳор гуфт, ки ҳамроҳи “Мулло Бузург” ҳафт ҷангҷӯи дигар нобуд гардиданд. Ба қавли Хӯгиёнӣ, ин ҳамлаи ҳавоӣ дар вулусволии Кути Нангарҳор сурат гирифтааст. Вазорати дифои Афғонистон низ кушта шудани “Мулло Бузург”-ро таъйид кард. Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” аз ду сол ба ин сӯ дар Афғонистон, бахусус дар вилояти Нангарҳор, ҳузур доштааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG