Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси Иттиҳоди журналистони Миср зиндонӣ шуд


Додгоҳе дар Миср се мақоми Иттиҳоди журналистони ин кишварро ба 2-солии зиндон маҳкум кард. Раиси Иттиҳоди журналистони Миср Яҳё Куалаш ва ду узви раёсат барои пинҳон кардани ҳамкорони худ айбдор шуданд, ки ба иттиҳоми паҳн намудани иттилои нодуруст таҳти ҷустуҷӯ будаанд. Ин ҳукм ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст ва маҳкумшудаҳо ҳаққи шикоят аз болои онро доранд. Дар 75 соли мавҷудияти Иттиҳоди журналистони Миср бори аввал будааст, ки раҳбараш ба зиндон маҳкум мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ ин қарори додгоҳро ба шиддат танқид кардаанд. Онҳо мегӯянд, аз замони барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури пешини Миср дар тобистони соли 2013, таъқиби тарафдорони ӯ ва норозиёни ҳукумати Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳури кунунӣ, поён наёфтааст.

XS
SM
MD
LG