Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори як мақоми Ҳолланд аз тарҳи ҳамлаҳо дар Аврупо


Як намояндаи мубориза бо терроризми Ҳолланд аз тарҳи ҳамлаҳои ифротиёни исломӣ дар Аврупо ҳушдор додааст. Дик Схоф дар сӯҳбат бо хабаргузории «Ассошиайтед-Пресс» гуфтааст, аз 60 то 80 узви гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» дар Аврупо тарҳи ҳамлаҳоро кашидаанд. Ба қавли ӯ, ифротиёни исломӣ тарафдорони худро барои ҷанг дар Сурияву Ироқ хонда, боқимондаҳоро ба ташкили ҳамлаҳо дар Аврупо даъват кардаанд. «Ба иттилои мақомоти амниятӣ дар як соли охир сафи аврупоиҳое, ки барои «ҷиҳод» рафтаанд, наафзудааст. Аммо дар айни замон ақибнишинии гурӯҳи «Давлати исломӣ» метавонад мавҷи нави муҳоҷиронро ба Аврупо биорад, ки хатар ба субот ҳастанд», - таъкид кардааст Дик Схоф. Соли гузашта беш аз як миллион зодагони Ховари Миёна ва Африқо аз кишварҳои аврупоӣ паноҳандагӣ хостаанд. Хулосаи баъзе кишварҳо барои қабули муҳоҷирон борҳо бо танқид рӯ ба рӯ шудааст. Имсол дар ҳудуди Аврупо чанде аз ҳамлаҳои исломгароён сурат гирифт, ки ба иттилои расмӣ дар бархеи онҳо муҳоҷирон иштирок доштаанд.

XS
SM
MD
LG