Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ба муттаҳамони таҷовуз ба номус "сабукӣ" медиҳад?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вакилони порлумони Туркия тарҳи қонунеро маъқул донистанд, ки аз гуноҳи мардони муттаҳам ба таҷовузи ноболиғон хоҳад гузашт. Вале вакилон мегӯянд, ин «сабукӣ» танҳо ҳамон вақт дода хоҳад шуд, ки мардон «аз нерӯ ва таҳдид» истифода накарда, «бо ҷабрдидаи ноболиғ» издивоҷ кунанд. Мунтақидони тарҳ гуфтанд, дар сурати тасвиби ин қонун таҷовуз ба номус ва издивоҷи ноболиғон қонунӣ хоҳад шуд. Дар Туркия дар даҳ соли охир шикояти занон аз хушунати ҷинсӣ 40 дарсад афзудааст. Омор, инчунин, ҳолатҳои зиёди марги занон аз хушунатро бозгӯ мекунад. Тарҳи нави қонуни баҳсбарангез аз тарафи вакилони Ҳизби ҳокими адолат ва рушд таҳия шудааст. Рӯзи сешанбеи оянда, қарор аст, ин тарҳ дубора баррасӣ шуда, ба иттилои Би-би-сӣ, эҳтимол хулосаи ниҳоии вакилон гуфта шавад.

XS
SM
MD
LG