Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шарқи Ҳалаб шифохонаҳоро хароб кардаанд


Дар шарқи Ҳалаб, ки таҳти идораи мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Башор Асад – раиси ҷумҳури Сурия – қарор дорад, дар пайи бомбаборон шифохонаҳо вайрон шудаанд. Дар баёнияи рӯзи 18 ноябри мухолифон гуфта мешавад, артиши Сурия ва нерӯҳои Русия бо истифодаи ҳама навъи силоҳҳо ба Ҳалаб зарба мезананд. Дар натиҷа, ба гуфтаи онҳо, “сокинони осоишта, аз ҷумла занону кӯдакон ва пиронсолон ба ёрии тиббӣ дастрасӣ надоранд”. Аммо расонаҳои Сурия эълон карданд, ки нерӯҳои давлатӣ асосан ба мавқеи террористон зарба мезананд. Ҷониби Русия низ гуфтааст, ҳавопаймоҳояш маҳалли сокинони осоишта дар Сурияро ҳадаф қарор намедиҳанд. Баръакс, Русия дар куштори сокинони мулкӣ мухолифони мусаллаҳи ҳукуматро айбдор кардааст. Ҳомиёни ҳуқуқи байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ борҳо ҳукумати Башор Асад ва нерӯҳои Русияро дар марги сокинони осоиштаи Ҳалаб муттаҳам карда ва гуфтаанд, ин мавзӯъ метавонад чун ҷинояти ҷанг баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG