Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Алиев танқиди маҳдудияти озодии матбуотро рад кард


Раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ин иттиҳомро, ки ҳукумати ӯ озодии матбуотро дар кишвар маҳдуд кардааст, рад кард.

Алиев рӯзи 17 ноябр, зимни суханронӣ дар байни ширкатдорони интихобии панҷумин Анҷумани Хабаргузориҳои Ҷаҳон дар Боку гуфт, ин далел, ки 75 дар сади озарбойҷониҳо ба Интернет дастрасӣ доранд ва 2 миллион нафар дар Твиттер ва Фейсбук саҳифа доранд, ба маъноест, ки ин кишвар Қафқози Ҷанубӣ бо озодии иттилоот мушкил надорад.

Аллиев аз посух ба пурсиши ноиби раиси хабаргузории Associated Press Ҷон Данизевский дар робита ба боздошти хабарнигорон ва баста шудани дафтари бахши Озарии Радиои Озодӣ худдорӣ кард, вале ӯ Ғарбро ба нақзи ҳуқуқи журналистҳо муттаҳам намуд.

"Чӣ тавр мумкин аст, ки Ҷулиан Ассанҷ ҳанӯз ҳам дар сафорати Эквадор дар Лондон аст? Беш аз ду сол аст, ки ӯ дар сафорат зиндагӣ мекунад ва метарсад ба берун барояд. Магар ингуна бархурд ба хабарнигор демократия аст?"- гуфт Алиев.

Ҷулиан Ассанҷ аз моҳи августи соли 2012 ба хотири истирдод нашудан ба Шведсия ва бозпурсӣ дар заминаи иттиҳоми озору азияти ҷинсӣ дар сафорати Эквадор басар мебарад.

Бинобар шохиси созмони Хабарнигорони Бидуни Марз дар соли 2016, Озарбойҷон дар байни 180 кишвар дар мақоми 163 қарор дорад. Ин созмон Илҳом Алиевро ба саркӯб кардани ҳама гуна гуногунандешӣ ва муборизаи беамон алайҳи мунақидонаш аз соли 2014 ба ин тараф, муттаҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG