Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомдорони Туркия дар НАТО дархости паноҳандагӣ карданд


Якчанд мақомдори Туркия дар паймони НАТО дархости паноҳандагии сиёсӣ карданд. Дар ин бора дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг хабар дод.

Столтенберг дар ин бора ҷузъиёти зиёд надод ва гуфт, ки қарор дар ин масъала марбути кишварҳои алоҳида аст.

Дабири кулли НАТО аз Туркия даъват кард, ки дар робита ба боздоштшудаҳои таҳқиқи густардаи кӯшиши табаддулоти давлатии 15 июл, меъёри волоияти қонунро риоя кунад.

Раҳбари НАТО рӯзи шанбе ба Истанбул меравад ва тасмим дорад, ки дар баробари масоили дигар мавзӯи риояи ҳуқуқи инсонро матраҳ кунад.

XS
SM
MD
LG