Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп мақоми мушовири амнияти миллиро ба Майкл Флинн дод


Президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп ба мақоми ёвари раиси ҷумҳур дар умури амнияти миллӣ генерали мустаъфӣ Майкл Флиннро тайин кард. Феълан вокуниши худи Флинн ба ин пешниҳод маълум нест. Дар ин бора манбаҳои огоҳ бо такя ба маълумоти нафароне аз ҳалақаи Трамп хабар додаанд.

Генерал Флинн раҳбари истихбороти низомӣ дар Афғонистон буд ва соли 2014 идораи асосии истихбороти Вазорати дифоро раҳбарӣ мекард. Флинн баъдан дар зери фишорҳо ва эҳтимолан барои бархурди манфиаш ба Ислом, ки ошкоро дар Конгресс баён доштааст, истеъфо дод. Ӯ ҳамчунин ба созиши қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон, дар заминаи барномаи ҳастаии Теҳрон, назари манфӣ дошт.

Матбуот суханони Майкл Флиннро иқтибос овардааст, ки мегӯяд, "Ислом ин идеологияи сиёсӣ аст, ки падарон - поягузорони Амрико намехостанд бо он умумияте дошта бошанд."

Дар ҷараёни маъракаи интихоботии ахир Флинн дар бораи Ҳиллари Клинтон изҳороти бисёр манфӣ пахш мекард ва дар заминаи даъвои "номаҳои электронии Клинтон" аз ӯ даъват кард, ки номзадияшро бозпас бигирад, зеро амнияти миллиро зери хатар гузошт.

Флинн борҳо ба Русия ва шахсан ба Путин самият нишон дода, моҳи декабри соли гузашта барои иштирок дар ҷашни 10 солагии таъсиси Russia Today ба Маскав рафта буд.

XS
SM
MD
LG