Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷаммӯи тарафдорӣ аз Трамп дар Русия


Мақомоти шаҳри Обнински Русия ба баргузор кардани нахустин таҷаммӯи тарафдорӣ аз президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп иҷоза доданд.

Як манбаи маъмурияти шаҳр рӯзи 18 нобяр гуфт, ки таҷаммӯъ рӯзи шанбеи 19 ноябр дар маркази шаҳр баргузор мешавад ва интизор меравад, ки дар он то 40 нафар иштирок кунанд.

Ҳадафи ин намоиш "ибрози умедворӣ ба беҳ шудани равобит дар байни Русия ва Амрико аст- мегӯянд барномарезони ҷамъомад.

Трамп, ки дар интихоботи 8 ноябри Ийолоти Муттаҳидаи Амрико пирӯзӣ ба даст овард, ба Владимир Путин, раҳбари Русия изҳори эҳтиром ва ба ҳамкории ду кишвар дар мубориза бо терроризми исломӣ даъват кардааст.

XS
SM
MD
LG