Пайвандҳои дастрасӣ

Олмон 12 ҳазор паноҳҷӯи афғонро бармегардонад


Мақомоти Олмон тасмим доранд, беш аз 12 ҳазор паноҳҷӯи афғонро ба ватанашон баргардонанд. Ба навиштаи нашрияи "Neue Osnabrücker Zeitung", ҳукумати Олмон дар посух ба дархости ҷиноҳи Ҳизби чапгаро дар бундестаг гуфтааст, вазъи амниятӣ дар шаҳрҳои бузурги Афғонистон имкон медиҳад, ки гурезаҳо ба ватанашон фиристода шаванд. Дар ҳоли ҳозир, дар Олмон наздики 250 ҳазор афғон ба сар мебарад. Ба гуфтаи вазорати корҳои дохилии Олмон, ин нишондод наздики 5 дар сади маҷмуи зодаҳои Афғонистонро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки мухолифони ин иқдом мегӯянд, вазъ дар Афғонистон ба ҳадди зарурӣ ором нест ва ҳанӯз ҳам ба ҷони сокинони осоишта хатар мавҷуд аст. Соли равон Олмон 27 паноҳҷӯи афғонро ба ватан бозпас фиристодааст, ки нисбат ба соли гузашта 18 нафар зиёд аст.

Соли 1994 дар Афғонистон ҳаракати тундрави Толибон таъсис ёфта, аз соли 1996 то 2001 қудратро дар даст дошт. Баъди ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 нерӯҳои эътилофи низомӣ ба раҳбарии НАТО амалиётро дар Афғонистон оғоз карда, ба ҳукумати Толибон поён бахшиданд.

Соли 2014 Пентагон маъмурияти низомии худро дар Афғонистон ба поён расонид, вале ин гуруҳ ҳанӯз ҳам ба фаъолиятҳои ҷиноии худ, аз ҷумла хариду фурӯши маводи мухаддир ва одамрабоӣ идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG