Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Жээнбеков алайҳи бунёди маҷмааи қиморбозӣ дар наздикии "Манас"


Сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков зидди сохтани маҷмааи қиморбозӣ дар наздикии фурудгоҳи "Манас" аст. Вай дар ин бора дар ҷаласаи порлумонӣ изҳорӣ назар кардааст. Вакилон ёдовар шуданд, ки пештар вазорати иқтисод пешниҳод карда буд, то маҷмааи қиморбозӣ сохта шавад. Вакилони порлумон мегӯянд, сохтани чунин маҷмааҳо ба буҷа даромади зиёд меорад. "Мо чунин таҷрибаро дорем, ман зидди он ҳастам. Дар Бишкек маҷмааҳои қиморбозӣ буданд, онҳо ба мардум зиён оварданд", - гуфтааст Жээнбеков.

Охири соли 2015 вазорати иқтисоди Қирғизистон лоиҳаи маҷмааи қиморбозиро ба баррасии умум гузошт. Натиҷаи баррасии мардум нишон дод, ки лоиҳа қобили қабул нест. Фаъолияти қиморхонаҳо дар Қирғизистон аз 1 январи соли 2012 манъ шудааст. Моҳи апрели соли 2015 идораҳои букмекерӣ низ мамнуъ шуданд

XS
SM
MD
LG