Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон умедвор аст, дар муносибатҳои кишвараш бо Узбакистон саҳифаи наве боз мешавад. Дар ин бора вай пеш аз парвоз ба Покистону Узбакистон изҳори назар кардааст. Эрдуғон нахуст ба Покистон ва аз он ҷо ба Самарқанди Узбакистон меояд, то қабри Ислом Каримовро зиёрат кунад. Вай дар Узбакистон бо иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев мулоқот хоҳад кард.

"Мо хоҳони онем, ки муносибатҳои мо бо Узбакистон ба сатҳе, ки ҷавобгӯи ду кишвари бародар аст, бирасад. Мо мебинем, ки дар ин масъала Узбакистон низ талош дорад. Зимни сафар ба Узбакистон ман мехоҳам саҳифаи нави ҳамкориҳоро боз кунам", - гуфт Эрдуғон.

Дар ибтидои солҳои 90 Туркия бо Узбакистон созишномаи дӯстии абадӣ имзо карданд, аммо баъдтар Туркия ба мухолифони сиёсӣ паноҳгоҳ дод. Ин амали Туркия боиси ранҷиши Узбакистон шуд.

XS
SM
MD
LG