Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони байналмилалии муҳоҷират гуфт, ки дар давоми ду рӯзи гузашта ба ҳангоми талоши расидан ба соҳилҳои аврупоӣ 340 муҳоҷири эҳтимолӣ дар обҳои баҳри Миёназамин ҷони худро аз даст доданд. Рӯзи 17 ноябр Флавио Ди Ҷиакомо, сухангӯи ин созмон гуфт, ки 103 нафар аз онҳо рӯзи 16 ноябр савори қаиқи шикоф ғарқ шуданд. Ба гуфтаи Ҷиакомо, қочоқчиёни инсон дар Либия муҳоҷиронро маҷбур мекунанд, ки дар ҳавои баду номуносиб савори қаиқ ба самти Аврупо ҳаракат кунанд. Вай гуфт, ки соли 2016 - 4500 нафар, эҳтимолан муҳоҷирон ба ҳангоми кӯшиши расидан ба соҳилҳои Аврупо даргузаштанд ё нопадид шуданд. Аз миёни онҳо 4000 нафар аз Либия ё Миср ба самти Итолиё ҳаракат мекарданд.

XS
SM
MD
LG