Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархе варзишгарони қазоқ аз медалҳои олимпӣ маҳрум шуданд


Олга Терешкова ҳам барои истеъмоли допинг муттаҳам шудааст
Олга Терешкова ҳам барои истеъмоли допинг муттаҳам шудааст

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки се варзишгари барандаи медалҳои олимпӣ дар гузашта аз нишондҳои худ маҳрум шуданд, чунки натавонистанд аз санҷиши допингӣ гузаранд. Кумитаи олимпии Қазоқистон рӯзи 17 ноябр гуфт, ки вазнабардор Ирина Некрасова аз медали нуқра, Мария Грабоветская ва Асет Мамбетов аз медалҳои биринҷии бозиҳои Пекин дар соли 2008 маҳрум шуданд. Қазоқистон баъди Русия дар миёни кишварҳое буд, ки соли 2017 дар маркази таваҷҷӯҳи моҷароҳои допингии Кумитаи байналмилалии Олимпӣ қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG