Пайвандҳои дастрасӣ

Арманистону ИМА созиши низомиро тамдид карданд


Парлумони Арманистон барои 7 соли дигар созишномаи ҳамкориҳои низомӣ бо ИМА дар бахши ҷилавгирӣ аз силоҳҳои қатли омро тамдид кард. Аз миёни 131 вакили парлумон 104 нафар ба ҷонибдории ин санад овоз доданд. Аввалин бор ин созишнома 20 октябри соли 2000-ум ба тасвиб расида буд. Дар чаҳорчӯби ин созишнома, ИМА Арманистонро бо технология ва ҳам машваратҳо дар заминаи ҷилавгирӣ аз паҳншавии мавод ва фанновариҳои ҳастаӣ, кимиёӣ ва биологӣ таъмин мекунад. Рӯзи 16 ноябр дар Ереван мулоқоти муовини ёвари вазири хориҷаи Амрико дар масоили Аврупо ва Авроосиё Бридҷет Бринк ва президент Серж Саркисян баргузор шуд ва мақоми амрикоӣ гуфт, ки Вашингтон манфиатдори тавсеаву рушди ин кишвари қафқозӣ дар аҳди Доналд Трамп ҳам ҳаст.

XS
SM
MD
LG