Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 19 сокини Косово бо гумони иртибот бо ДИИШ


Соли 2014 дар Косово 40 гумонбари ДИИШ боздошт шуд
Соли 2014 дар Косово 40 гумонбари ДИИШ боздошт шуд

Полиси Косово гуфт, ки 19 нафарро бо гумони иртибот бо ҷангиёни гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” боздошт кардааст ва ин афрод, ба бовари полис, мехостанд ҳамлаҳои азими террористӣ анҷом диҳанд. Аз ҷумла, гӯё як ҳамла дар Албанияи ҳамсоя дар рӯзҳои баргузории сабқати футболи миёни Исроил ва Албания бояд анҷом мешуд. Мақомот дар Приштина рӯзи 16 ноябр гуфтанд, ки ин муттаҳамон дар ҷараёни 10 рӯзи гузашта боздошт шуданд. Чор муттаҳам аз ин гурӯҳи боздоштшуда гӯё маҳз барои ташкили ҳамлаи террористӣ дар бозии футбол тайёрӣ медиданд. Баъди ҳушдори полис мақомот тасмим гирифтанд, ки рақобатро на дар шаҳри Шкодер, балки Тирана баргузор кунанд. Ҳамаи ин 19 нафар гӯё амру дастури худро аз раҳбари шӯришиёни албанитарбор дар Сурияву Ироқ гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG