Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таърихи мулоқоти Путин ва Трамп мушаххас нест


Президенти Русия Владимир Путин ва раиси ҷумҳурии мунтахаби ИМА Доналд Трамп дар як сӯҳбати телефонӣ дар оғози ҳафтаи ҷорӣ имкони ташкили мулоқоти рӯбарӯро баррасӣ карданд, вале ҳанӯз санаи баргузории ин нишаст маълум нест. Рӯзи 17 ноябр сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки хабари гӯё баъди анҷоми маросими савгандёдкуниаш дар таърихи 20 январ ба Маскав сафар кардани Трамп “як дурӯғ” аст. Аз ин пеш нашрияи “Известия” бо такя ба як манбаи баландпоя дар ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА гуфт, ки ду раҳбар барои ташкили ҷаласае дар шаҳри Маскав мувофиқа ҳосил карданд. Песков гуфт, ки ҳанӯз дар ин замина ҳеҷ созиш ё машварати ниҳоӣ вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG