Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилонро барои фирор аз маҷлис ҷарима мекунанд


Думаи давлатии Русия рӯзи чаҳоршанбе ба регламенти порлумон тағйирот ворид кард. Тибқи ин тағйирот, аз ин ба баъд вакилон барои ҳузур надоштан дар ҷаласаҳо ҷарима мешаванд, дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" иттилоъ медиҳад.

Вакилоне, ки ҳатто дар як ҷаласаи умумӣ ширкат намекунанд, аз шашяки маошашон маҳрум мешаванд. Ин гуна муқарар кардани ҷарима ба он хотир аст, ки Думаи давлатӣ асосан дар моҳе шаш ҷаласаи умумӣ дорад.

Вакилони "ҷаласагурез"-ро Кумитаи умури регламент ва корҳои ташкилии порлумон муайян мекунад. Ҷаримаҳое, ки аз онҳо ситонида мешавад, ба буҷаи порлумон ворид мегардад. Думаи давлатии Русия меъёрҳои дигареро коркард дорад, ки аз овоздиҳии як вакил ба ҷои вакилони дигар ҷилавгирӣ шавад, хабар медиҳад муовини раиси Дума Сергей Неверов.

Баҳори соли ҷорӣ Думаи Русия қонунеро қабул кард, ки имкон медиҳад, то ҳар вакиле, ки ба таври мудовим дар ҷаласаҳо ширкат намекунад, аз вакилӣ маҳрум шавад. Моҳи июн бар асоси ин қонун вакил Иля Пономарев аз ҳизби "Русияи боадолат", ягона вакиле, ки зидди ғасби Қрим раъй дода буд, аз вакилӣ маҳрум шуд.

XS
SM
MD
LG