Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама: ману Трамп аз ҳамдигар хеле фарқ дорем


Барак Обама, президенти амалкунандаи ИМА гуфтааст, ба демократия ва бозори озод ҳамчун беҳтарин таҳрикдиҳандаҳои озодӣ ва рушд эътиқод дорад, аммо ҳукумат бояд талоши бештар ба харҷ диҳад, то шаҳрвандон аз ин имтиёзҳо баҳра баранд.

Обама 16 ноябр зимни суханрониаш дар Афина, ки ватани демократия гуфта мешавад, изҳор доштааст, ки "демократия арзиши бештар аз ҳар шахсиятро дорад" ва ба гуфтаи ӯ, маҳз ин сифат онро устувор мегардонад.

"Одамони дигаргунатаре нисбат ба ману президенти навбатии Амрико мавҷуд нестанд", - зикр кардааст Обама, намояндаи Ҳизди демократ дар ҷараёни охирин сафари хориҷиаш ҳамчун президенти ИМА. Обама ҳангоми суҳбат дар бораи Трамп гуфтааст, "мо назарҳои хеле гуногун дорем".

Президенти ИМА афзудааст, ки "шаҳрвандон бояд имкони интихоби раҳбарони худро дошта бошанд, агар чи номзади шумо на ҳамеша пирӯз мешавад". Вай гуфтааст, ки маъмурияташ барои интиқоли қудрат тамоми талоши худро хоҳад кард, чун ба назари ӯ, демократия маҳз бояд ин тавр амал кунад.

XS
SM
MD
LG