Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боб Дилан ба гирифтани ҷоизаи Нобел намеравад


Боб Дилан
Боб Дилан

Ӯ дар номааш ба академияи Шведсия гуфтааст, ҳарчанд гирифтани он барояш ифтихор аст, вале ба иллати масъулиятҳои қаблан ба зимма гирифтаи худ наметавонад рӯзи 10 декабр ба Стокҳолм биояд.

"Ҳузур надоштани соҳиби ҷоиза зимни маросими супоридани он дар Стокҳолм таҷрибаи одӣ нест ва воқеаи фавқулодаеро низ дар пай надорад", - омадааст дар номаи академияи Шведсия, ки ҷоизаи Нобел дар бахши адабиётро медиҳад.

Масъулини академия ҳамчунин гуфтаанд, ки маърӯзаи нобелии Боб Диланро, ки бояд тайи 6 моҳи баъди 10 декабр ироа шавад, бесаброна мунтазиранд.

Ёдрас мешавем, ки шоир ва мусиқинавози маъруфи ИМА Боб Дилан барои эҷоди "забони нави баёни шоирона дар чаҳорчӯби анъанаи бузурги суруди Амрико" барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 2016 эълон шуд.

XS
SM
MD
LG