Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзҳои фарҳангии Қирғизистон дар Тоҷикистон


Шамсиддин Орумбекзода ва муовини вазири фарҳанг, варзиш ва туризми Қирғизистон Фарҳод Бекмамбетов
Шамсиддин Орумбекзода ва муовини вазири фарҳанг, варзиш ва туризми Қирғизистон Фарҳод Бекмамбетов

Имрӯз, 17 ноябр дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии Қирғизистон оғоз шуд. Ин чорабинӣ аз дидори вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва муовини вазири фарҳанг, варзиш ва туризми Қирғизистон Фарҳод Бекмамбетов дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе оғоз шуд. Ҷаноби Орумбекзода дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки рӯзҳои фарҳангии Қирғизистон тӯли се рӯз идома ёфта, шоми имрӯз маросими ифтитоҳи он дар толори Театри опера ва балети кишвар баргузор мешавад. Вай хабар дод, ки фардо ҳамзамон рӯзҳои кинои Қирғизистон низ оғоз шуда, дар толори Иттифоқи синемагорони Тоҷикистон филмҳои солҳои ахир таҳияшудаи коргардонҳои қирғиз намоиш дода мешаванд.

Вай гуфт, бори охир рӯзҳои фарҳангии Қирғизистон дар Тоҷикистон соли 2004 баргузор шуда буд. Ба гуфтаи ҷаноби Орумбекзоад, ду кишвар робитаҳои таърихӣ доранд ва дар солҳои шӯравӣ сокинони Бадахшони Тоҷикистон дар фасли зимистон метавонистанд танҳо аз тариқи шаҳри Ӯши Қирғизистон ба шаҳри Душанбе сафар кунанд: "То ҷое, ман огаҳӣ дорам, ҳудуди 40 дарсади сокинони вилояти Ӯш тоҷикзабон ҳастанд. Дар Тоҷикистон низ қирғизтаборон кам нестанд ва дар ҳар як барномаи фарҳангии давлатӣ садои овозхонҳои қирғиз ҷой дода мешаванд."

Радиои Озоди ба мақомоти фарҳангии ду кишвар савол дод, ки оё баргузории рӯзҳои фарҳангии Қирғизистон дар Тоҷикистон ба ҳалли мушкилоти марзӣ мусоидат хоҳад кард ё на? Шамсиддин Орумбекзода гуфт, ки ду кишвар дар равобити худ ҳеҷ мушкилоти ҷиддие надоранд: “Мушкилоти марзӣ мероси таърихӣ аст ва комиссияи муштараки ду кишвар ин масъаларо баррасӣ мекунанд. Вале ин нуқта ба робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳеҷ таъсири ҷиддие нагузоштааст”.

Фарҳод Бекбамбетов гуфт, ки ба далели камбуди маблағ онҳо натавонистанд теъдоди бештари ҳунармандони қирғизро ба Тоҷикистон биёранд. Вай афзуд: "Мо тасмим гирифтем дар чаҳорчӯби рӯзҳои фарҳангӣ ҳунармандони театри вилояти Ботканд дар Исфара намоишномаеро барои тамошобинони тоҷик пешниҳод кунад. Фикр мекунам, чун фарҳанг марз надорад, ин амр ба коҳиши танишҳои сокинони минтақаҳои ҳаммарз дар ин қисмати сарҳади миёни Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат кунад."

Рӯзҳои фарҳангии Қирғизистон дар Тоҷикистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки тӯли чанд соли ахир дар минтақаҳои ҳаммарзи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ва вилояти Ботканди Қирғизистон танишҳое миёни сокинони ду кишвар сурат мегиранд. Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар тӯли чанд сол наметавонад ин мушкилро ҳаллу фасл кунад.

Ба гуфтаи мақомоти ҳар ду кишвар мушкил дар он аст, ки бархе аз минтақаҳои марзӣ мушаххас ва аломатгузорӣ нашудаанд. Ҷониби Тоҷикистон борҳо изҳор дошт, ки ҳар ду кишвар дар ин масъала вуҷуди харитаҳои марзии солҳои мухталифро далел меоранд. Бо ин вуҷуд мақомоти ҳар ду кишвар хушбинанд, ки дар ниҳоят ҳар ду ҷониб ба гузаштҳое иқдом карда, ин мушкилро комилан бартараф месозанд.

XS
SM
MD
LG