Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се нозир аз Тоҷикистон дар интихоботи президентии Узбакистон


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, барои назорати ҷараёни интихоботи прездентии Узбакистон се намояндаи КМИР ба Тошканд сафар хоҳанд кард. Абдуманнон Додозода, раиси дастгоҳи иҷроияи КМИР рӯзи 17 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз Тоҷикистон раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон Носирҷон Салимзода ва корманди КМИР Ҷамшеди Ҷамшед ширкат хоҳанд кард. Ба гуфтаи ҷаноби Додозода, намояндаҳои Тоҷикистон рӯзи 2 декабр ба Тошканд сафар мекунанд. Интихоботи президентии Узбакистон рӯзи 4 декабр баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG