Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мадонна": То пулро нишон надиҳӣ, мусофирбар ҳам намеистад. ВИДЕО


Муҳаммад Холов, маъруф ба номи "Мадоннаи тоҷик"
Муҳаммад Холов, маъруф ба номи "Мадоннаи тоҷик"

“Мадоннаи тоҷик”, ки номи аслиаш Муҳаммад Холов аст, баъди 11 сол ба саҳна баргашт. Аммо вазъи саломати ӯ дар муқоиса ба чанд соли пеш, ки рӯйи саҳнаи ҳунар меҷаҳиду мепарид, хеле фарқ дорад.

“Мадоннаи тоҷик” мегӯяд, ҳарчанд тӯли ин солҳо дар саҳна набуд, аммо ба қавли худаш “шикаста бошад ҳам, нарехтааст”.

Муҳаммад Холов соли 2005 дар як садама ҷароҳат бардошт ва аз пойи равон монд. Ин ҳодиса куллан зиндагии ҳунармандро тағйир дод ва, ба гуфтаи худаш, якбора аз як рӯзгори хубу мӯҳташам ба оворагиву тангдастӣ гирифтор кард. Ахиран баъзе аз дӯстону тарафдорон консерти Муҳаммад Холовро дар Душанбе баргузор карданд, то аз пули ҷамъшуда вайро табобат кунанд.

Барои табобати “Мадоннаи тоҷик” 7 ҳазор доллар зарур будааст. Муҳаммад Холов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «баъди ин қадар сол дӯстони фаъоле мисли Шаҳнозҷон, Зебоҷон ва Бахмалҷон гуфтанд, ки мо дастгирӣ мекунем, то дубора ба саҳна бароед. Мо ҳам аз ин даъватҳо истиқбол кардем.»

Гузориши видеоӣ инҷост:

"Мадоннаи" тоҷик баъди 11 сол ба саҳна баргашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00

Ин ҳунарманди дар гузашта маъруфи тоҷик 44 сол дошта, дар ҳуҷраи иҷораи як ҳаводораш танҳо зиндагӣ мекунад. Вай гуфт, вақте ба садама дучор шуду аз пойи равон монд, аввал хонавода ва сипас дӯстонаш «аз баҳри ӯ гузаштанд». «Дар ин муддат бисёр рӯзҳои сахтро паси сар кардам ва бисёр чизҳоро аз худ намудам. Пӯхтан, дӯхтан ва дигар корҳои хонаро. Ҳатто ширинӣ пӯхта метавонам. Ин ҳама дар замони танҳо будан бароям хеле фоида дошт. Ман ба ҳеҷ кас ниёз пайдо намекунам», - афзуд ӯ.

Муҳаммад Холов аксар вақт доруҳояшро бо кумаки бархе аз ҳаводорон ва хайрхоҳии доруфурӯшҳо ба даст меорад. Аммо зиндагии маъюбӣ ӯро ба рафторҳое рӯ ба рӯ кардааст, ки вуҷудашон дар ҷомеаи Тоҷикистон, ба қавли ӯ, нигаронкунанда аст. Холов гуфт, «вақте мебинанд, ки дар даст асо дорам ва шояд ҳангоми нишастану фаромадан вақти онҳоро мегирам, мусофирбарро манъ намекунанд. Аммо вақте пулро дар даст нишон додаву манъ мекунам, баъд меистанд.»

Муҳаммад Холов баъди хатми шуъбаи коргардонии Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода дар гурӯҳҳои ҳаҷвии ҳозирҷавобон, «Ғарибшо-Компания» ва театри драмавии русии ба номи Маяковский кор кардааст. Ӯ ҳунари овозхонӣ, ҳаҷвнигорӣ ва рақсро балад аст, вале мухлисонаш ӯро бештар чун “Мадоннаи тоҷик” мешиносанд. Вай гуфт, “сабаби бо тахаллуси “Мадонна” маъруф будан дар он аст, ки аввалин нақше ки бозида будам, тақлид ба ҳунарманди машҳури Аврупо Мадонна буд. Ҳамин нақш маро машҳур намуд ва то ҳол дар зеҳни мардум ҳамчун “Мадоннаи тоҷик” боқӣ мондаам”.

“Мадоннаи тоҷик” мегӯяд, ҳарчанд тӯли ин солҳо дар саҳна набуд, аммо ба қавли худаш “шикаста бошад ҳам, нарехтааст”. Вай ният дорад, баъди дубора барқарор шудани пойҳояш гурӯҳи ҳунариеро бо шумули нафарони имконияташон маҳдуд, ки соҳиби истеъдод ҳастанд, таъсис дода ва таваҷҷуҳро барои ҳимоят аз ин қишри аҳолӣ бештар кунад.

XS
SM
MD
LG