Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хоманеӣ: Эрон ба натиҷаи интихоботи Амрико бетафовут аст


Оятулло Алӣ Хоманеӣ, раҳбари Олии Эрон гуфт, ки кишвараш ба натиҷаи интихоботи Ийолоти Муттаҳида бетафовут аст, зеро Теҳрон аз ҳарду ҷиноҳ, ҳам демократҳо ва ҳам ҷумҳурихоҳон хусумат дидааст.

"Мо на мотам мегирем на ҷашн, натиҷаи интихобот барои мо аҳамияте надорад"- гӯфт Хоманеӣ рӯзи 16 ноябр дар Исфаҳон. "Мо нигарон ҳам нестем ва бо кӯмаки Худо барои рӯ ба рӯ шудан бо ҳар ҳодисае омодаем"- афзуд раҳбари Олии Эрон.

Таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эрон моҳи январ, ба думболи созиши ҳастаии ин кишвар бо қудратҳои ҷаҳонӣ сабуктар шуд.

Аммо президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп дар ҷараёни маъракаи сиёсии роҳ ёфтан ба Кохи Сафед созиши ҳастаӣ бо Эронро "ваҳшатнок" ва ба манфиати Теҳрон унвон кард. Ӯ гуфт дар сурати пирӯзӣ дар интихобот созишномаро "пора" хоҳад кард.

Аммо Трамп эътироф кард, аз байн бурдани санаде, ки бо қатъномаи СММ мустаҳкам шудааст кори осон нест.

XS
SM
MD
LG