Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи СММ: пирӯзии низомии Асад пирӯзии шикастомез аст


Пирӯзии низомии президент Башор Асад Сурия ва Аврупоро дар остонаи эҳёи терроризми хатарноки суннӣ қарор хоҳад дод. Ин нуктаро Стаффан де Мистура, фиристодаи махсуси СММ дар Сурия зимни суҳбат бо нашрияи бритониёии "Гардиан" баён доштааст.

Ба гуфтаи вай, ғалабаи низомии Асад дар даргириҳои Сурия пирӯзии шикастомезе аст, ки ҷанги чирикии тӯлонимуддату камшиддат, вале хеле дарднокро дар пай дошта, Сурияро тадриҷан нобуд хоҳад сохт.

"Фазое ба вуҷуд меояд, ки тайи се моҳ шумори ҷонибдорони гуруҳи террористии "Давлати исломӣ"-ро афзоиш медиҳад. Ва шумо бидуни ҳалли сиёсии низои Сурия ба онҳо пирӯз нахоҳед шуд", - изҳор доштааст де Мистура.

Ба гуфтаи фиристодаи махсуси СММ, бояд аз муносибати умумии Русия ва ИМА дар бораи он ки чи гуна бояд мубориза бо ДИ ва "Ҷабҳат ун-Нусра"-ро тезонд, истиқбол кард. "Вале мубориза дигар асту пирӯзӣ дигар. Барои он ки ДИ-ро мағлуб созед, бояд аз муносибати сиёсие кор бигиред, ки сунниҳо низ шомили он бошанд", - афзудааст вай.

"Ин маҳз ҳамон чизест, ки дар Ироқ рух дод. Агар шумо беҳуқуқии қабилаҳои сунниро ба назар нагиред, пас барои одамоне ба монанди раҳбари ДИ Абубакр Бағдодӣ фазо хоҳед сохт", - зикр кардааст намояндаи созмон.

XS
SM
MD
LG