Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов дастур дод, ки то Соли нав рафи мағозаҳо пур шавад


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ахиран бо ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Ишқободи кишвараш ҷаласа баргузор кардааст.

Дар ҷараёни ҷаласа президент аз ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Ишқобод талаб кардааст, ки масъалаи марбут ба ободонӣ ва муосирсозии зерсохтори шаҳру вилоятҳо ҷиддӣ гирифта шавад. "Пойтахт бояд ба меҳмононе, ки вориди кишвари мо мешаванд, таассуроти нек бахшад", - гуфтааст Бердимуҳаммадов.

Ба ҷуз ин, президент ба ҳокимон дастур додааст, ки дар Соли нави мелодӣ дар мағозаҳо маводи ғизоӣ ва дигар ашё ба таври фаровон таъмин шавад.

Дар Туркманистон шуруъ аз ибтидои тирамоҳ камбуди маҳсулот ба назар мерасад. Ба вижа шакару равған дар он кишвар камёфт шудааст. Ин навъи маҳсулотро дар мағозаҳои шахсӣ пайдо кардан мумкин аст, аммо арзиши онҳо нисбат ба мағозаҳои давлатӣ 2-3 баробар зиёдтар аст.

XS
SM
MD
LG