Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қонуни нави Бритониё барои хориҷ шудан аз ИА


Девони вазирони Бритониё лоиҳаи қонунеро бораи хориҷ шудан аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо (ИА) таҳия кардааст. Ин қонун дар сурате ба кор бурда хоҳад шуд, ки Додгоҳи олии Бритониё шикояти зидди қарори додгоҳи олии Лондонро оиди ризогии порлумон барои хориҷ шудан аз ИА рад кунад.

Лоиҳаи мазкур аз се банд иборат аст. Ба иттилои телевизиони Би-би-сӣ,Тереза Мэй, сарвазири Бритониё то моҳи марти соли оянда фурсат дорад, то иҷозаи хориҷшавиро ба даст орад. Манбаи Би-би-сӣ гуфтааст, лоиҳа ба ҳадде муҷаз ва мухтасар аст, ки барои вакилон ворид кардани тағйиру иловаҳо ба он бисёр мушкил хоҳад буд.

Қаблан гуфта шуд, ки Бритониё барои хориҷ шудан аз ИА нақшаи дақиқ надорад ва дар ин замина стратегияи гуфтушунид низ мавҷуд нест. "Тайи шаш моҳ аст, ҳукумат наметавонад дар бораи ин гуна нақша ба созиш расад", - омадааст дар ёддоште, ки ВАО ба он истинод мекунад.

Бар пояи ин ёддошт, ки дар Би-би-сӣ ва The Times нашр шуд, ҳукумати Бритониё болои 500 лоиҳае кор мекунад, ки ба хориҷшавӣ аз ИА рабт дорад ва эҳтимол аст, барои иҷрои ҳамаи онҳо ба 30 ҳазор хизматчии давлатии дигар ниёз пеш ояд. Дар ҳоле, ки муаллифони ёддошт гуфтаанд, ба иллати нофаҳмиҳо дар девони вазирон ҳанӯз ҳам стратегияи хориҷшавӣ мавҷуд нест.

XS
SM
MD
LG