Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон пулисҳои қочоқчӣ ва қаллобро дастгир кардааст


Хадамоти амнияти дохилии ВКД Қирғизистон чанд тан аз кормандони пулисро боздошт кардааст, ки солҳои зиёд бо қочоқи маводи мухаддир машғул будаанд.

Ба иттилои хадамоти матбуотии ВКД, ин кормандон ҳамчунин бо роҳи сохтакорӣ шаҳрвандонро дар қочоқи маводи мухаддир айбдор ва тамаъҷӯӣ мекардаанд.

Барои тасдиқи маълумот чанд ҳолатҳои хариду фурӯши санҷишӣ гузаронида шудааст. "16 ноябр тақрибан соатҳои 00:30 дар пойтахт муфаттишони ноҳияи Первомай К. Б. ва К. Ж. ҳангоми фурӯши маводи мухаддир дастгир шуданд. Онҳо талош карданд, ҳангоми боздошт ба кормандони ХАД муқобилият низ нишон диҳанд", - афзудааст манбаъ.

Аз боздоштшудагон пулҳои аломатдор дар ҳаҷми 64 ҳазор сом ва 1,8 грамм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шудааст.

Дар робита ба ин қазия бо моддаи "Истеҳсоли ғайриқонунӣ, нигоҳдорӣ, хариду фурӯш ва интиқоли маводи нашъадор" ва "Сӯистифода аз мансаб" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG