Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишори баланди хун мушкили кишварҳои фақир будааст


Теъдоди одамоне, ки аз фишори баланди хун азият мекашанд, дар 40 соли ахир ду баробар бештар шуда, ба 1,1 миллиард расидааст. Фишори баланди хун дар кишварҳои рӯ ба рушд бештар аз давлатҳои сарватманд сабт шудааст. Ин маълумотро олимон рӯзи 14 ноябр пешниҳод карданд.

Пажӯҳишҳо, ки бар пояи санҷиши фишори хуни 20 миллион шахси болиғ дар солҳои 1975-2015 дар 200 кишвари ҷаҳон анҷом шудаанд, ин воқеиятро ошкор карданд, ки фишори баланд дар кишварҳои сарватманд, эҳтимол бинобар истеъмоли ғизои солим, шеваи зиндагӣ ва дастрасӣ ба доруву дармон шадидан коҳиш ёфтааст. Баръакси ин, теъдоди гирифторони фишори баланди худ дар кишварҳои фақир бештар шудааст.

Афзоиш, ба гуфтаи пажӯҳишгарони Созмони Байналмилии Беҳдошт, дар Африқо ва Осиёи Ҷанубӣ чашмгир аст. 226 миллион нафар дар Чин ва 200 миллион дар Ҳиндустон аз фишори баланд ранҷ мебаранд. Фишор баланди хун, инчунин, дар кишварҳои Аврупои марказӣ ва шарқӣ "мушкилоти ҷиддӣ" арзёбӣ шудааст.

Гипетания фишорро дар шарёни хунгузар, мағзи сар, қалб ва гурда бештар ва роҳро барои хунравии мағз ва сактаи қалб боз мекунад. Пажуҳиши ахир Кореяи Шимолӣ, Иёлоти Муттаҳида ва Канадаро аз кишварҳое номбар кардааст, ки гирифторӣ ба фишори хун дар сатҳи пасттарин қарор дорад.

XS
SM
MD
LG