Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев: боздошти Улюкаев як ҳодиса ғайримуқараррӣ барои ҳукумат аст


Нахуствазири Русия ҳодисаи боздошти вазири рушди иқтисодии ин кишвар Алексей Улюкаевро як ҳодисаи ғайримуқаррарӣ барои кишвар ва ҳукумат номид. Алексей Улюкаев рӯзи 15 ноябр баъди он аз кор барканор шуд, ки барои гирифтани пора дар ҳаҷми 2 миллион доллар аз ширкати “Роснефт” муттаҳам шуд.

Худи вазир ин иттиҳомотро рад мекунад ва бо қарори додгоҳ, то миёнаҳои январ дар ҳабси хонагӣ нигоҳ дошта хоҳад шуд. Дмитрий Медведев дар ҷаласаи ҳукуматӣ рӯзи 16 ноябр ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин қазия даъват кард ва гуфт, ки ин парванда бояд баёнгари он бошад, ки ҳама шаҳрвандон дар баробари қонун баробар ҳастанд. Вай гуфт, охири ҳарфро дар ин қазия бояд додгоҳ гӯяд. Улюкаев аз соли 2013 дар мақоми вазири рушди иқтисод кор мекунад ва ӯ баландмақомтарин шаҳрванди Русия шуд, ки дар порагирӣ муттаҳам мешавад.

XS
SM
MD
LG