Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медали тиллои Ҳотами Бахтовар дар Индонезия


Ҳотами Бахтовар, хонандаи литсейи “Ҳотам ПВ”, дар озмуни байналмилалии математикони наврас (IMSO 2016) дар Индонезия соҳиби медали тилло шудааст. Рӯзи 16 ноябр дар литсейи “Ҳотам ПВ” ба Радиои Озодӣ гуфтанд, шогирдони дигари мактаб – Теҳрон Ҷанобилов, Абдурауф Ҳотамов ва Вазир Пиров – медали биринҷӣ гирифтанд. Дар ин озмун Тимур Усмонов, шогирди литсейи президентии Душанбе, низ иштирок карда, бо медали биринҷӣ ба ватан баргаштааст. Озмуни математикони наврас аз 9 то 13 ноябри имсол дар Индонезия баргузор шуд, ки дар он намояндагони то 13-солаи 23 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Як ҳамсӯҳбати мо дар мактаби “Ҳотам ПВ” гуфт, ки дар ин озмун натанҳо масъалаи мушкилу печида, балки бо забони англисӣ пешниҳод шуд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои ин панҷ нафар якдонаӣ планшет додааст.

XS
SM
MD
LG