Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Штайнмайер президенти Олмон мешавад


Франк-Валтер Штайнмайер, вазири умуми хориҷии Олмон моҳи феврали соли 2017 президенти нави Олмон мешавад ва дар ин мақом Йохан Гаукро иваз мекунад. Дар ин бора ҳизбҳои пешсафи кишвар қарор карданд ва интихоби ӯ дар порлумон дигар як масъалаи "техникӣ" аст. Штайнмайери 60 сола, узви ҳизби Сотсиал-демократ аст.

Дар тӯли моҳи равон Иттиҳоди Христиану Демократии Меркел борҳо талош кард, ба мақоми президент, ки моҳи феврал озод мешавад, номзади худро пешниҳод кунад. Вале дар ниҳояти амр раҳбари ҳукумат эълон кард, ки ҷиноҳи ӯ аз номзади Сотсиал демократҳо, Франк-Валтер Штаймайер пуштибонӣ мекунад.

Пешбарии расмии номзад рӯзи чаҳоршанбе, вақте сурат мегирад, ки раҳбарони се ҳизби эътилофи умдаи ҳукумат ӯро расман ҳамчун номзади худ муаррифӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG