Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафар ба минтақаи Шенген бештар таҳқиқ мешавад


Кумиссиюни Аврупо рӯзи 16 ноябр пешниҳодеро баррасӣ мекунад, ки вуруд ба қаламрави Шенген аз кишвари сеюм, ҳатто агар шаҳрвандони он кишварҳо аз иҷозаи вуруди бидуни раводид ба ин қаламрав бархурдор бошад, бояд бо таҳқиқи пешакӣ ҷараён бигирад.

Сохтори таҳқиқи пешакӣ ҳамонест, ки ҳамон шеваест, ки Иёлоти Муттаҳида ба кор мебарад. Талабгорони сафар ба Амрико бояд пул пардохт кунанд ва пеш аз ворид шудан ба ин кишвар ҳадафи сафарро дар варақи дархост шарҳ диҳанд ва дар бораи худ маълумот пешниҳод кунанд.

Манобеи Кумиссиюни Аврупо ба Радиои Озоди гуфтаанд, ки қиммати вуруд 5 евро буда мушахассоти мусофир дар система то замони коршоям будани шиносномааш боқӣ меонад. Кумиссиюн бовар дорад, ки 97 дар сади онҳое, ки аз таҳқиқи пешакӣ мегузаранд, бидуни мушкил ба қаламрави Шенген ворид мешаванд ва посухи таҳқиқ пешакӣ низ худи ҳамон рӯз ба мусофир дастрас мешавад.

Шаҳрвандони кишварҳое, ки аз сафари бидуни раводид ба Аврупо бархурдор ҳастанд, бояд ин тартиботро риоя кунанд. Тартиботи номбурда кишварҳои Балкани Ғарбӣ ва Молдова ва ҳамчунин Украинаву Гурҷистонро низ дар назар дорад, ки ҳоло дар раванди гирифтани мақоми вуруди бераводид қарор доранд.

Ин тартибот ба кишварҳо берун аз минтақаи Шенген, мисли Булғористон, Ховатия, Ирландия, Руминия ва Британия рабт намегирад. Қарор аст сохтори нав баъди тасвиби он то соли 2020 ба кор дарояд.

XS
SM
MD
LG