Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гумонбарҳои дигар дар қазияи ришвахории вазири собиқи Русия


Дар қазияи вазири собиқи рушди иқтисоди Русия Алексей Улюкаев, ки ба гирифтани ришваи ду миллион долларӣ муттаҳам мешавад, эҳтимолан гумонбарҳои дигар ҳам ошкор шаванд. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс ва РИА Новости бо такя ба манбаи идораҳои ҳифзи ҳуқуқ гузориш додаанд.

"Тарҳҳои ҷиноии монанд ба ин танҳо аз тарафи як нафар амалӣ намешаванд ва имкон дорад рӯзҳои оянда то 7 гумонбари дигар ба ин қазия ҳамроҳ шаванд"- гуфтааст ин манбаъ ба хабаргузориҳо.

Феълан ба гуфтаи ин манбаъ дар қазияи тамаъҷӯӣ ва ришваситонӣ дар заминаи созиши харидории "Башнефт" аз ҷониби "Роснефт" аъмоли танҳо як нафар, вазири собиқи рушди иқтисод, Алексей Улюкаев таҳқиқ мешавад.

Нашрияи "Ведомости" бо такя ба манобеи худ гуфтааст, ки мақомоти ҳифзи тартибот ҳамзамон бо Улюкаев эҳтимолан мақомдорони дигарро ҳам думбол кардаанд. Ба гуфтаи ин нашрия, ноиби нахуствазир Аркадий Дворкович, ёвари президент Андрей Белоусов (ҳарду ба фурӯхтани "Башнефт ба "Роснефт" мухолиф буданд), Оксана Тарасенко, раҳбари бахши вазорати рушди иқтисод ва Марина Романова, ёвари ноиби нахуствазир Игор Шувалов, мавриди таҳқиқ будаанд.

Дар таърихи навини Русияи Алексей Улюкаев аввалин вазири федеролӣ аст, ки боздошт шудааст. Рӯзи сешанбе додгоҳи Басманнии Маскав ӯро барои ду моҳ ба ҳабси хонагӣ маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG