Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии тарҳи будҷаи соли 2017 дар парлумони Тоҷикистон


Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон.
Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон.

Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён рӯзи 16 ноябр дар парлумон зимни пешниҳоди тарҳи будҷаи барои соли 2017 гуфт, ки бахши даромад 19 миллиарду 568 миллион сомонӣ ва бахши хароҷот 19 миллиарду 863 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ба ин тартиб, ба гуфтаи ӯ, касри будҷа дар соли оянда 0,5 дарсадро ё 294 миллион сомониро ташкил медиҳад. Вазири молия гуфт, ки аз ҳисоби хусусигардонии моликияти давлатӣ, ба фурӯш баровардани векселҳои давлатӣ ва дарёфтҳои грантҳои билоиваз, ин каср пӯшонида мешавад. Дар тарҳи қонуни будҷа рушди иқтисоди Тоҷикистонро 7 дарсад пешибинӣ шудааст ва мизони таваррум 7 дарсад хоҳад буд. Бар асоси тарҳи будҷа, арзиши як доллари амрикоӣ ба 9 сомонӣ ва 16 дирам баробар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG