Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Порошенко аз президенти нави ИМА


Пётр Порошенко, президенти Украина бо ҳамтои тозаинтихоби амрикоияш Доналд Трамп гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст. Ба иттилои дафтари матбуотии президенти Украина, Порошенко Трампро барои пирӯзияш дар интихобот табрик карда, гуфтааст, ки омода аст, то ба хотири таҳкими шарикии стратегӣ ҳамкориҳои фаъолро бо маъмурияти нав ба роҳ монад.

Президент Порошенко идомаи ҳимояти қотеи Вашингтон аз Украина, муқобала бо таҷовузкориҳои Русия ва иҷрои ислоҳоти заруриро муҳим хондааст. Ҳамчунин тарафҳо созиш кардаанд, ки тамосҳоро идома дода, бо ҳам мулоқот кунанд. Президенти Украина аз Трамп даъват кардааст, ки дар фурсати муносиб аз Киев боздид кунад.

XS
SM
MD
LG