Пайвандҳои дастрасӣ

Чубайс аз хабари боздошти Улюкаев "шок" шудааст


Баъди боздошти вазири иқтисод ва рушди иҷтимоии Русия Алексей Уюкаев бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва ришваситонӣ бо ҳаҷми бузург Кремлин гуфт, ки истеъфои ҳукуматро дар ин замина зарур намешуморад. Бино ба навиштаи хабаргузории ТАСС, сухангӯӣ Кремлин Дмитрий Песков гуфтугӯҳоро дар бораи масъулияти дастҷамъона "сафсата" номид.

Ба ғайр аз ин, Песков мегӯяд, президент Владимир Путин дар мавриди истеъфои Алексей Улюков тасмим нагирифтааст. Сухангӯи Кремлин дар посух ба суоле, ки чаро бо вуҷуди таҳти тафтиш будани Улюков Путинро ӯро аз мақом сабукдӯш накард гуфт, барои ин асоси кофӣ мавҷуд набуд.

Сухангӯи Кремлин изҳори бовар кард, ки боздошти вазири иқтисод ва рушди иҷтимоӣ ба фазои сармоягузорӣ дар Русия таъсир намегузорад ва баъакс баёнгари муборизаи фаъолона бар зидди фасодкорӣ аст. Раҳбари корпорастияи "Роснано" Анатолий Чубайс гуфт, ки Улюковро беш аз 30 сол боз мешиносад ва аз хабари боздошти ӯ "шок" шудааст.

XS
SM
MD
LG