Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Худкушии ду навраси рус баъди оташ кушодан ба сӯи пулис


Дар Пскови Русия як писар ва духтари 15-сола баъди оташкушоӣ ба сӯи кормандони пулис худро ба қатл расондаанд.

Денис М. ва Екатерина В. пас аз муноқиша бо волидайнашон худро дар дохили яке аз хонаҳои воқеъ дар деҳаи Струги Краснии Псков маҳкам карда, дари сандуқеро, ки дар он силоҳ нигаҳдорӣ мешуд, мешикананд. Модари духтар низ баъди он ки наметавонад, вориди хона шавад, пулисро даъват мекунад.

Дар натиҷа ҷавонон ба самти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуданд, оташ кушода, тирпарониро ба навор мегиранд. Ин ҳодисаро наврасон мустақиман дар Интернет нашр мекунанд.

Дар ин навор Екатерина В. ба тамошобинон мегӯяд, ӯ ҳамроҳи Денис баъди як муноқиша бо волидайнашон аз хона фирор кардааст ва чанд бор ибораи "Русҳо таслим намешаванд!" низ садо медиҳад. Талошҳои кормандони пулис барои гирифтани силоҳ аз дасти ҷавонон бенатиҷа анҷом меёбад.

Ба иттилои расонаҳо, Денис нахуст Екатерина ва баъдан худро ба қатл расондааст. Бино ба маълумоти дарёфтӣ, манзиле, ки дар он ҳодиса рух дод, касе зиндагӣ намекардааст. Хона ба яке аз соҳибкорони маҳаллӣ тааллуқ доштааст, ки як соли пеш даргузашта, онро ба наздикони Екатерина ба мерос гузоштааст.

Ҳар дуи ин ҷавон сокини Псков буда, дар синфи 9-уми мактаби рақами 24 таҳсил мекардаанд.

XS
SM
MD
LG