Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи паноҳандагон, ки мехостанд рӯзи 14 ноябр аз саҳроҳои Хорватия ва аз онҷо ба Аврупои Ғарбӣ ворид шаванд, бо пулиси Сербистон вориди даргирӣ шуданд. Ҳудуди 100 паноҳанда монеаи пулисро рахна карда, хостанд ба Хорватия ворид шаванд, вале нерӯҳои пулиси ҳарду кишвар пеши роҳи онҳоро гирифтанд.

Паноҳандагон, асосан аз Афғонистон ва Покистон, баъди ду рӯзи раҳпаймоӣ дар шоҳроҳе воқеъ дар 125-километрии пойтахти Сербистон, шаҳри Белград, рӯзи 13 ноябр ба марз расиданд. Онҳо гуфтанд, ки бинобар шароити нохуби зиндагӣ дигар ба маркази қабули муҳоҷирон дар Сербистон барнамегарданд ва талаб карданд, роҳи онҳоро ба сӯи Аврупои Ғарбӣ боз кунанд.

Вазири умури дохилии Хорватия Влаҳо Орепич гуфтааст, вуруди ғайриқонунии паноҳандагонро ба кишвар иҷозат намедиҳад. Вазири умури дохилии Сербистон Небожка Стефанович мегӯяд, ба паноҳандагон иҷозат нахоҳад дод, ки шоҳроҳ ва гузаргоҳҳои марзиро масдуд кунанд ва ба кишваре ворид шаванд, ки онҳоро қабул надорад.

Ба маълумоти идораи Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, наздик ба шашуним ҳазор паноҳанда аз кишварҳое мисли Сурия, Ироқ, Покистон ва Афғонистон ба Сербистон паноҳ бурдаанд. аммо созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ мегӯянд, ки теъдоди паноҳандагон наздик ба 10 ҳазор аст.

XS
SM
MD
LG