Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин нишасти матбуотии Обама баъди интихобот


Барак Обама, раиси ҷумуҳри Амрико, рӯзи 14 ноябр нахустин нишасти матбуотиро баъди интихоботи президентии ин кишвар баргузор кард. Обама дар мулоқот бо хабарнигорон баъзе натиҷагириҳоро аз фаъолияти худ дар мақоми президент эълон ва, инчунин, аз амрикоиҳо даъват кард, ки дар робита ба президенти мунтахаб Доналд Трамп аз рӯи қарорҳояш ҳамчун сарвари давлат қазоват кунанд.

Ин нахустин нишасти матбуотии президент Обама баъди интихоботи раёсати ҷумҳури 8 ноябр буд, ки дар он номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп пирӯз шуд. Президент Обама, ки дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ тавони Трампро дар идораи давлат зери суол бурда буд, ба суоле, ки оё назари ӯ баъди мулоқот бо Трамп дигар шудааст, мустақим посух надод. Аммо ӯ гуфт, аз ҷиҳати идеоложӣ Трамп дар зеҳни ӯ таассуроти як инсони кӯтоҳандешро ба вуҷуд наовард.

Обама ба суолҳои пофишоронаи хабарнигорон, ки "оё ӯ аз изҳори ошкорои назари президенти мунтахаб, ки нигаронии бисёр амрикоиҳоро ба бор овардааст нороҳат нест?", гуфт, умедвор аст дарки воқеият ва зарурати қабули қарорҳои босифат дар мақоми сарвари давлат Трампро ба эҳтиёткорӣ водор мекунад.

Президенти феълии Амрико аз шарҳи баъзе таъиноти ахири Доналд Трамп канор рафт ва гуфт, ки раиси ҷумҳури мунтахаб бо иродаи озоди амрикоиҳо ба мақоми президент интихоб шуд ва онҳое, ки ба муқобили ӯ овоз доданд, бояд воқеияти равандҳои демократиро дарк кунанд. Дар ҷараёни нишасти матуботӣ Барак Обама дар масъалаи дастовардҳои маъмурияти худ, аз ҷумла пирӯзӣ ба бӯҳрони молӣ, наҷоти саноати мошинсозии Амрико, ислоҳоти сохтори беҳдоштӣ, созиши ҳастаӣ бо Эрон, тааҳуди байнамилалӣ барои мубориза бо партови газҳои гулхонаӣ бештар сӯҳбат кард. "Мо ба маъмурияти нав давлатеро месупорем, ки хубтар кор мекунад, дастгоҳи давлатиеро, ки кори таъсирбахш дорад", - гуфт Барак Обама. Ӯ аз Доналд Трамп даъват кард, дар пайи иҷрои ваъдаҳои пешазинтихоботиаш, махсусан дар масъалаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ, қарордодҳои тиҷоратӣ ва қонун дар бораи хадамоти тиббии дастрас тасмимҳои осемсарона нагирад.

Нишасти матбуотии Барак Обама дар фосилаи кӯтоҳ аз охирин силсилаи сафарҳои байналмилалии ӯ дар мақоми раёсати ҷумҳур баргузор шуд. Дар ҷараёни ин сафар Обама аз Аврпуо ва Осиё боздид мекунад. Барак Обама гуфт, ки президенти мунтахаб равобит бо шарикон ва мақоми Амрикоро ҳамчун "қудрати беҷойгузин" ҳифз мекунад.

XS
SM
MD
LG