Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон сабти нақши ангушт ҳатмӣ мешавад


Дар Қазоқистон интизор меравад, сабти изи ангуштони шаҳрвандон ҳатмӣ шавад. Порлумони ин кишвар лоиҳаи қонун "Дар бораи сабти изи ангуштони шаҳрвандон"-ро баррасӣ мекунад. Қазоқистон бино бар уҳдадориҳои байналхалқиаш вазифадор шудааст, ки қонуни мазкурро қабул кунад. Ба гуфтаи муовини вазири корҳои дохилии ин кишвар Рашид Жакупов, шиносномаҳои кунунии шаҳрвандон, ки дорои чип ҳастанд, имкон медиҳанд, то маълумот дар бораи нақши ангуштон дар онҳо ворид карда шавад.

Тибқи лоиҳаи қонун, шаҳрвандоне, ки аз сабти изи ангуштонашон саркашӣ мекунанд, ҷарима мешаванд. Аммо шаҳрвандони хориҷӣ аз супоридани изи ангуштонашон худдорӣ кунанд, аз Қазоқистон ихроҷ мешаванд. Ба гуфтаи Рашид Жакупов, шаҳрвандони Қазоқистон бе сабти изи ангуштонашон соҳиби шиноснома нахоҳанд шуд. Ба иттилои Жакупов, барои амалӣ сохтани лоиҳаи қонун шуруъ аз 2018 то 2023 бештар аз 100 миллион доллар сарф мешавад. Ворид кардани изи ангуштони шаҳрвандон, ба гуфтаи вазорати корҳои дохилии Қазоқистон, ба мақомот имкон медиҳад, ки шахсияти шаҳрвандонро муайян созанд ва аз нашри ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешгирӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG