Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Натиҷагирӣ аз мавсими олимпӣ дар Доҳа


Раиси ANOC шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ.

Раиси ANOC шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ.

Дар Ассамблеяи кулли Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC), ки имрӯз, 15-уми ноябр, дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа –ба кори худ шуруъ кард, мавсими олимпӣ натиҷагирӣ мешавад.

Дар ин ассамблея, ки ду рӯз идома меёбад, раиси ANOC шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, инчунин раҳбарони панҷ созмони қитъавии ин ташкилоти ҷаҳонӣ маърӯзаҳо мекунанд.

Дар Ассамблеяи кулли Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ дар Доҳа Тоҷикистонро Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпӣ ва Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли КМО, намояндагӣ доранд.

Ҷаноби Абдуллоев ба “Озодӣ” гуфт, ки дар ин ассамблея, инчунин барандагони ҷоизаҳои ANOC ба беҳтарин варзишгарон ва кумитаҳои олимпии сол эълон хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ дар миёни довталабон гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, низ ҳаст.

“Дар ассамблеяи мазкур, инчунин яке аз масъалаҳои доғи рӯз – допинг – рӯзи чоршанбе баррасӣ хоҳад шуд. Инчунин маърӯзаҳои намояндагони комиссияҳо ва гурӯҳҳои кории ANOC, ҳамчунин намояндагони Додгоҳи арбитражи варзишӣ шунида мешаванд”, - иброз дошт Муҳаммадшо Абдуллоев.

Ҳамчунин дар назди аъзои ANOC намояндагони Будапешт, Лос-Анҷелес ва Париж, ки барои мизбонии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 номзад мебошанд, шаҳрҳояшонро муаррифӣ хоҳанд кард. Мизбони Олимпиадаи соли 2024 дар сессияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ моҳи сентябри соли оянда дар шаҳри Лима (Перу) интихоб мешавад.

АNOC – ташкилоти байналмилалист, ки 206 кумитаи миллии аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ эътирофшударо муттаҳид месозад. АNOC соли 1979 таъсис ёфтааст. Вазифаи аслиаш дастгирӣ кардани кумитаҳои миллии олимпӣ ва пешниҳод намудани масъалаҳо роҷеъ ба рушди ҳаракати байналмилалии олимпӣ мебошад. Дар тӯли 37 соли мавҷудияти АNOC ба он мексикоӣ Мигел Васкес Раня (то соли 2012) ва шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, ки ҳамзамон раиси Шӯрои олимпии Осиё мебошад, роҳбарӣ кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG