Пайвандҳои дастрасӣ

Вуруди афроди ношинос ба хонаи сиёсатмадори маъруфи қирғиз


Омурбек Текебоев.

Омурбек Текебоев.

Омурбек Текебоев, раҳбари ҷиноҳи "Ота-Макон"-и Қирғизистон мегӯяд, 13 ноябри соли равон афроди ношинос рӯзона вориди хонааш шудаанд. Ба гуфтаи Текебоев, ҳамсараш баъди он ки эҳсос кардааст, дар дохили хона шахси бегона аст, ба кормандони пулис занг задааст. Дар натиҷа муайян шудааст, ки афроди ношинос ба воситаи тиреза вориди манзили Текебоев шудаанд.

"Дари хона дутабақа аст. Ҳамсарам ҳангоми ворид шудан натавонистааст, дувумиро боз кунад ва ҳамчунин мушоҳида кардааст, ки дар дохил касе ҳаст. Ҷинояткорон ба ашёи боарзиш даст нарасондаанд, танҳо талош кардаанд, сандуқеро, ки дар он силоҳ нигаҳдорӣ мешавад, боз кунанд. Метарсам, ки онҳо чизеро нагузошта бошанд. Аз ин рӯ, ҳоло кормандони пулис бодиқат тафтиш доранд", - гуфтааст раҳбари ҷиноҳи "Ота-Макон".

Ин дар ҳолест, ки Абдил Сегизбоев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ахиран ба президент Алмосбек Отамбоев гуфт, ҳуҷҷатҳое, ки онҳо аз мақомоти расмии Белиз дастрас кардаанд, нишон медиҳад, бархе мақомҳои баландпояи ин кишвар (вакилони кунунии порлумон) манфиатдор буданд, то ширкати "Саутфилд" (эҳтимолан соҳиби он Максим Боқиев аст) моҳи апрели соли 2012 аз фурӯши бахши саҳмияҳои ҳанӯз миллиношудаи ширкати "Алфа Телеком" беш аз 50 миллион доллар ба даст оранд.

Дар ҳуҷҷатҳое, ки дастгоҳи президенти Қирғизистон нашр кард, номи се вакили порлумон аз ҷиноҳи "Ота-Макон" Омурбек Текебоев, Алмамбет Шикмаматов ва Аида Салянова дида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Текебоев мегӯяд, мақомоти кишвараш асноди сохтаро нашр мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳуҷҷатҳои нашркардаи дастгоҳи президент ва иттилои КДАМ Қирғизистон дар мавриди он ки се вакил аз фурӯши саҳмияҳои "Алфа Телеком" манфиатдор буданд, асос надорад.

XS
SM
MD
LG