Пайвандҳои дастрасӣ

Мая Санду натиҷаи интихоботро ба чолиш кашид


Номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Молдова аз нерӯҳои ҷонибдори Аврупо Мая Санду тасмим дорад, натоиҷи интихоботро, ки дар он биноба маълумоти пешакӣ рақибаш Игор Додони сотсиалист пирӯз шудааст, дар додгоҳи Конститсионӣ баҳс кунад.

Санду дар нишасти матбуотии рӯзи душанбе гуфт, ки ӯ интихоботро "на озод мешуморад, на одилона". Номзади аврупогаро дар Фейсбук навишт, ки далелҳои нақзи интихоботро дар ихтиёри додгоҳи конститутсионӣ қарор медиҳад ва дар ин роҳ аз ҳама аҳроми қонунӣ истифода мекунад.

Мояи нигаронии тарафдорони Санду ин аст, ки дар баъзе ҳавзаҳои интихоботии хориҷи кишвар, ки суннатан аз номзади аврупогаро ҳимоят мекунанд, баргаҳои раъйдиҳӣ ҳозир набуданд.

Биноба маълумоти Кумиссиюни Марказии Интихобот, Игор Додон, ки сиёсати наздикшавӣ бо Маскавро пайгирӣ мекунад, бо 70 ҳазор раъй аз Санду пеш гузаштааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG