Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи интиҳорӣ дар Фалуҷа бо 8 кушта ва 20 захмӣ


Ду таркиши ҷудогонаи маргталабона бо мошинҳои бомбагузоришуда дар постгоҳҳои пулиси Фалуҷа дастикам 8 танро кушта ва 20 нафари дигарро захмӣ кард.

Ҳамлаи рӯзи 14 ноябр дар шаҳре ба самти ғарби Бағдод аз замони ишғоли дубораи Фалуҷа аз гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" дар моҳи июн, бори аввал рух дод. Ҳарду ҳамлаи маргталабона дар қисмати марказии шаҳр ба вуқуъ пайвастаанд.

Ин ҳамлаҳо дар ҳоле сурат гирифтаанд, ки нерӯҳои Ироқ якҷо бо қабилаҳои суннимазҳаб, курдҳои пешмарга ва шибҳанизомиёни шиа муҳорибаро барои бозгирифтани шаҳри шимолии Мавсил алайҳи гурӯҳи "Давлати Исломӣ" идома мебаранд.

XS
SM
MD
LG